نشرات زنده
فارسی English عربي
43
-
الف
+

Поёни як ривояти иҷтимоӣ–сиёсии пурбинанда / «Армуғони торикӣ» дар истгоҳи охир

Сериали «Армуғони торикӣ» имшаб ба анҷом мерасад ва сарнавишти қаҳрамонони асосии он равшан хоҳад шуд.

Сериали «Армуғони торикӣ», ки дар ҳафтаҳои гузашта бо ривояти пуртаниш ва фазои муаммоии худ ҳамроҳи бинандагони Айфилм2 буд, имшаб 18-уми майи соли 2026 қисми охирини худ мерасад. Ин сериал дар канори бозгӯии рӯйдодҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, бештар бар таъсири интихобҳо ва тасмимҳои сарнавиштсоз бар зиндагии инсонҳо тамаркуз доштааст.
Ин асар ба нависандагӣ ва коргардонии Ҷалил Сомон ва маҳсули соли 1389-и хуршедӣ (2010_2011 мелодӣ), аз ҷумлаи сериалҳое ба шумор меравад, ки кӯшидааст таҳаввулоти даҳаи шасти хуршедиро дар қолаби як достони драмавӣ ва инсонӣ бозгӯ кунад. Дар ҷараёни қисматҳои гузашта, бинандагон шоҳиди масири пурфарозу нишеби «Маҷид» буданд; ҷавони боҳуш ва донишҷӯи риштаи аксбардорӣ, ки вурудаш ба як ҷараёни сиёсӣ ӯро дар баробари тардидҳо ва озмоишҳои душвор қарор дод.
«Армуғони торикӣ» дар тамоми масири достон танҳо ба ҳодисаҳои сиёсӣ напардохт; балки талош кард кашмакашҳои дарунии қаҳрамонҳо, таъсири боварҳо бар сарнавишт ва паёмадҳои тасмимҳои бузургро низ ба тасвир кашад. Ҳамин ҷанбаи инсонӣ, ин сериалро барои бинандагони Афғонистон ва Тоҷикистон низ ба ривояте қобили дарк ва андешабарангез табдил кардааст.
Дар ин сериал, бозигароне чун Ораш Маҷидӣ, Амир Оқоӣ, Лайло Зореъ, Судоба Байзоӣ, Маҷид Маширӣ, Ҳамидризо Ҳидоятӣ, Шаҳин Таслимӣ, Амир Ғафформаниш, Марям Худораҳмӣ, Тарлон Парвона, Соқӣ Зинатӣ ва Фараҳноз Манофии Зоҳир, бо иҷрои нақшҳои чандқабата бар ҷаззобияти достон афзудаанд.
Бар асоси ин гузориш, қисми поёнии сериали «Армуғони торикӣ» имшаб соати 18:00 ба вақти Теҳрон, 19:00 ба вақти Кобул ва 19:30 ба вақти Душанбеи Тоҷикистон аз шабакаи Айфилм2 пахш мешавад; ҷое ки бинандагон шоҳиди фарҷоми ривояти «Маҷид» ва кушода шудани охирин гиреҳҳои достон хоҳанд буд.

نظر شما
ارسال نظر